Амалиёти «Кӯкнор - 2016»

Зиёда аз 40 ҳазор бех банги худрӯй нобуд карда шуд

№ 20.06.2016

Ба мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳар сол дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

 Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.

Дар рафти гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор – 2016» оид ба ошкор ва нобуд сохтани майдонҳои бангдонаи худрӯй кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар заминҳои нокорами хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ба миқдори 40 ҳазору 408 бех растаниҳои худрӯйи бангдонаро ошкор намуданд.

Мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании каннабис (бангдона) буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад.

Дар ҳузури комиссияи махсус ин ниҳолҳо решакан ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» дар баробари мусодираи воситаҳои нашъадор, ҳамзамон бо ҷалби дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавзеъҳои паҳншавии бангдонаҳои худрӯйро тоза менамоянд.

Бино ба иттилои муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, майори милитсия Абдумаҷид Ҷалилов, кормандони милитсия 77 ҳазор бех бангдонаи худрӯй, ки вазни умумиаш 505 кг мебошад, нобуд намудаанд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»