Аз нишастҳои матбуотӣ

14 донишҷӯ ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуданд

№102 (4364) 10.08.2021

DSC_72302- Бо мақсади шаффоф баргузор кардани бақайдгирии довталабон ва имтиҳонот соли 2021 дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар 34 шаҳру ноҳия, 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ, ташкил гардид, — гуфт директори Маркази миллии тестии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хуршед Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ (3 августи соли ҷорӣ).

Ҳамин тариқ, шумораи нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ соли равон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2020 — ум 2 — то зиёд ва шумораи кормандони муваққатии нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ 219 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 4 нафар зиёд аст.

Номбурда, инчунин, изҳор дошт, ки бо мақсади шинос намудани хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ бо низоми имтиҳонҳо корҳои иттилоърасонию таб­лиғотӣ амалӣ гардида, бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ баъзе аз чорабиниҳо гузаронида шуд. Мувофиқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ), дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба даҳгонаи довталабони беҳтарин 14 нафар дохил гардиданд. Аз ин 12 нафар ба гурӯҳи ихтисосҳои тиб, биология ва варзиш ва 2 кас аз гурӯҳи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ мебошанд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни ба даҳгонаи беҳтарин дохилшуда 7 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ҳастанд.

Шумораи умумии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки соли 2020 қабули донишҷӯён ба онҳо ба воситаи низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба роҳ монда шуд, 103 — то буд. Имсол ба низоми зикршуда Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии ноҳияи Данғара дохил гардиданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»