Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар соли 2016 ба 3 862 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2727 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Дар ин давра аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 469 168 санад, аз ҷумла 233 253 сабти таваллуд, 59 249 сабти таваллуди муҳлаташ гузашта, 33 039 сабти вафот, 936 сабти вафоти муҳлаташ гузашта, 72 463 сабти никоҳ, 8 891 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 30 535 сабти муқаррар намудани падарӣ, 953 сабти фарзандхонӣ, 29 848 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд, — гуфт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои вазир, соли гузашта 64 маҳкумшуда — 16 нафар аз бемории сил, 44 нафар аз амрози дарунӣ ва 4 нафар аз ҳодисаҳои ногувор дар истеҳсолот фавтидаанд. Ягон ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳар як ҳодисаи фавти маҳбусон аз ҷониби комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷида, аз ҷониби прокуратура назорат мешавад.
Ҳамчунин, дар соли 2016-ум 143 ҳолати дар маҳбас ақди никоҳ бастани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Рустам Шоҳмурод афзуд, ки аз 1 январ то 31 декабри соли 2016 роҳбарияти вазорат 271 шаҳрвандро ба ҳузур пазируфтаанд. Муроҷиати шаҳрвандон бештар ба фаъолияти иҷрочиёни суд, нотариати давлатӣ, бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ вобастагӣ дошт.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»