Аз нишастҳои матбуотӣ

18300 иншоот ба истифода дода шуд

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

DSC_1000Гузаронидани арзёбии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020, баргузории ҷаласаи сайёр дар ноҳияи Шаҳринав, саҳм дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот» дар ноҳияи Шуғнон, шаҳрҳои Исфара, Данғара ва ноҳияи Рашт намунае аз корҳои анҷомдодаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда аст, ки дуюми феврали соли равон раиси он Қосим Роҳбар зимни нишасти матбуотӣ ёдовар шуд.

Ӯ изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Озмуни деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо эълон гардид. Низомномаи он таҳия шуда, озмун дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.

Доир ба рафти ободкорӣ ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки то якуми январи соли 2021 — ум 18300 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»