-Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. – иброз намуд Ректори муассисаи мазкур Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 15-уми августи соли 2023 баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои фаъолияти мунтазами бардавому бенуқсон, саҳми арзанда дар таълиму тарбия ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии ҷавонон дар асоси фармоиши ректори Академия 10 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», се нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 нафар бо «Ифтихорнома» ва 26 нафар бо «Сипоснома» — и Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Дар нимсолаи дуюми соли 2022-2023 раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар табодули академӣ 21 нафар донишҷӯёнро ба МТОК-и хориҷӣ, ки Академия бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ доранд, сафарбар намуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки Ҳадафи асосии Раёсати Академия баланд бардоштани сатҳи касбият, яъне истифодаи барномаи муосири таълимӣ, эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда, муоширати пурраи касбӣ ба забонҳои хориҷӣ, дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ омода намудани мутахассисони ояндаи касбӣ бо донистани забонҳои хориҷии касбӣ бо дар назардошти хусусияти раванди муошират, хушбаёнӣ ва эҷодкорӣ доштан мебошад.
Дар Академия 11 нафар донишҷӯи ятими кулл, 48 нафар нимятим, 14 нафар маъюб ва панҷ нафар камбизоат таҳсил менамоянд, ки бо мақсади кумак ба онҳо Маркази иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Марказ дар асоси Низомнома амал намуда, ҷиҳати мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Ба 26 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва донишҷӯёни имконияташон маҳдуд стипендияи муқаррарӣ, ба миқдори 300 сомонӣ ҳармоҳа барои хӯрокпулӣ ҷудо карда шуда, онҳо ройгон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»