- Дар нимсолаи аввали соли 2017 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 214 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 75,7 миллион сомонӣ муайян намуд. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ талафи воситаҳои пулию молӣ 16,4 миллион сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯпӯшнамудаи андозҳо 39,3 миллион сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 5,8 миллион сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2,6 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 11,6 миллион сомониро ташкил дод, — гуфт раиси Палатаи ҳисоб Фаррух Ҳамрализода сеюми август зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда афзуд, ки санҷишҳои аудиторӣ, инчунин истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 57,8 миллион сомонӣ, захира ва талафи маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 40,9 миллион сомонӣ муайян сохт. Дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба Буҷети давлатӣ ва иҷрои он дар вазорату идораҳо, сохторҳои тобеи онҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 138 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи 55,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд, ки аз он 10 миллион сомонӣ ба буҷет ва 4,8 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо барқарор гардид.
Фаррух Ҳамрализода изҳор дошт, ки ҷиҳати таъмини назорат вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида, санҷишҳои аудиторӣ дар 11 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ташкил гардид, ки дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ ошкор шуд. Дар ин идораҳо изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 2 миллион ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 372,5 ҳазор сомониро ташкил додааст.
- Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 ба вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои санҷидашуда тавсияву пешниҳодҳо ирсол ва аз натиҷаи баррасӣ бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 69 қарору фармон қабул гардида, барои содир намудани камбудиҳо нисбат ба 153 шахси масъули ҳисоботдиҳанда муҷозоти маъмурию моддӣ андешида, 6 нафар аз вазифа сабукдӯш карда шуданд, — зикр кард Ф. Ҳамрализода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»