Аз нишастҳои матбуотӣ

24 зан ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд

№93 (4199) 04.08.2020

_Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон 2020 (1)1- Тавваҷуҳи Сарвари давлат ба занону бонувон хоса буда, сол ба сол теъдоди онҳо дар хизмати давлатӣ меафзояд, — иброз дошт Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки 29 июл баргузор гардид.

Ӯ афзуд, ки тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, айни замон аз 5676 кадри роҳбарикунанда 1066 (18,7%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,4%) 22 нафар зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 1 январ то 15 июли соли 2020 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар зану духтари лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд.

Раиси кумита таъкид кард, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон 3 зан аъзои Ҳукумат, 5 — роҳбари мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 3 нафар раиси шаҳру ноҳия мебошанд.

Инчунин, зикр гардид, ки ҷиҳати ба муроҷиаткунандагон ва ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ расонидани машварати равонию ҳуқуқӣ Маркази захиравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендерӣ аз тариқи телефони боварии 13-13 фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.

Дар давраи мавриди назар аз ҷониби кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 400 вохӯриву мулоқот, 600 чорабинии маърифатӣ — фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, 216 рейди муштарак, 33 семинари омӯзишӣ-иттилоотӣ ва машваратӣ, 10 озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ, 7 суҳбати гирди миз ва 28 чорабинии варзишӣ доир шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфта, аз ҳисоби кормандон гурӯҳҳои корӣ дар маҳалҳо бо усули фардии «хона ба хона» ва суҳбатҳои сарироҳӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир гардида, варақаҳои иттилоотӣ — тарғиботӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн карда шуданд.

ВОРИС,

«Садои мардум»