- Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1162 ҳолат ё 5,1 фоиз кам буда, кушодашавии онҳо 75,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи зикршуда тафтиши 23322 парвандаи ҷиноятӣ назорат шуда, 3805 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардид, — гуфт прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Прокурори генералӣ, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки оид ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2780 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 363 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 123 парванда барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ, оғоз шуда, 287 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 4066 нафар, аз ҷумла 3932 нафар ноболиғ, ошкор гардид.
Аз ҷониби кормандони соҳа 1137 ҷинояти коррупсионӣ, аз ҷумла 40 ҳолати додугирифти пора, 393 — қонуншиканӣ ва 704 ҳолати дигар ҷиноятҳо ошкор гардида, 136,6 миллион сомонӣ маблағи зарар муайян шуд.
Соли сипаригардида аз ҷониби Прокуратураи генералӣ аз 40356 муроҷиати хаттӣ, шифоҳӣ ва тавассути телефони «Боварӣ» қабулшуда 12166-тои он баррасӣ гардида, 3146 муроҷиат қонеъ шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»