Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 8 миллиарду 552,4 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,3 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ афзуда, 18,9 дарсадро ташкил дод.
Номбурда зикр кард, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳама бахши саноат таъмин гардид. 97,3 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шуда, ба маблағи 2323,1 миллион сомонӣ маҳсулоти корхонаҳои соҳавии вазорат ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.
Шавкат Бобозода, ҳамчунин иброз дошт, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи металлҳои қиматбаҳо байни Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳа шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва фулузоти қиматбаҳо 100 дарсад дар дохили кишвар ба фурӯш рафтааст. Ин нишондод соли 2017-ум 70,3 дарсадро ташкил медод. Бино ба гуфти ӯ, нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки вазорат ва корхонаҳои саноатӣ дар саноатикунонии мамлакат саҳми босазо гузошта, ҷиҳати аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ кӯшиш намуда истодаанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»