Нишастҳои матбуотӣ

Мусодираи 2365 килою 015 грамм маводи нашъа аз муомилоти ғайриқонунӣ

№93 (3730) 05.08.2017

АКН (2)- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз маҷмӯи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифта 468 — ададаш ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, ки 3,7 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 365 килою 015 грамм маводи наш­ъаовар мусодира шуд, ки 964 килою 616 грамми он ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 20 килою 109 грамм ба Хадамоти гумрук рост меояд. Дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 113 кг ё 5 фоиз зиёд маводи нашъаовар мусодира шуда бошад ҳам, нисбат ба солҳои пешин тамоюли пастравӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин хусус муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой зимни нишасти матбуотӣ (2 августи соли ҷорӣ) маълумот дод.

Ӯ ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин давраи зикршуда аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 84 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23,5 фоиз зиёд аст. Ба илова, 113 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъа­овар ошкор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа, 151 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба миқдори 159 ҳазору 110 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Ҳарчанд ҳодисаҳои ошкоргардида ва теъдоди шахсони дастгиршуда зиёд шуда бошанд ҳам, ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда камтар аст. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар дохили ҷумҳурӣ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори калон ва махсусан калон кам шудааст.

Инчунин дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш амалиёти муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 109 килою 357 грамм маводи ­нашъадор мусодира гардид.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»