Аз нишастҳои матбуотӣ

40 дарсади роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта таҷдид шуданд

№24 (4444) 22.02.2022

DSC_2275Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ — декабри соли 2021 тавассути ҳама навъи нақлиёт 82029,5 ҳазор тонна бор ва 737159,6 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба як соли пеш мутаносибан 102,7 ва 110,8 дарсадро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти ӯ, аз нишондиҳандаи зикршуда 76347,4 ҳазор тонна бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва 5681,1 ҳазор тонна тавассути роҳи оҳан кашонда шуд.

- Дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1804 субъекти хоҷагидор ва 935 хатсайри мусофирбарӣ фаъолият мекунанд. Ҳамлу нақли автомобилӣ тавассути 48310 воситаи нақлиёт амалӣ мегардад. Интиқоли 93,1 дарсади бор ва кашонидани 97,3 дарсади мусофирон ба нақлиёти автомобилӣ, 76,3 миллион тонна бор ва 717,1 миллион мусофир бо нақлиёти истифодаи умумӣ рост меояд.

Интиқоли байналмилалии автомобилии бор тавассути 10 долони транзитӣ, 7 гузаргоҳи байналмилалӣ амалӣ гардида, як миллиону 994 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 34 дарсад зиёд мебошад, — зикр кард вазир.

Соли гузашта барои анҷом додани интиқоли байналмилалӣ қариб 40 ҳазор рухсатнома бо 19 кишвар мубодила гардид. Барои табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ барои то соли 2030 муайян шудааст, ҷуғрофияи хизматрасониҳои нақлиётӣ васеъ ва долонҳои нави транзитӣ ба кор дароварда мешаванд. Масъулини соҳа ҳамкориро барои пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла истифодаи долони транзитии Туркия-Эрон-Туркманистон-Ӯзбекис­тон-Тоҷикистон-Хитой барои интиқоли мултимодалӣ ва дигар долонҳои нави транзитӣ ба роҳ мондаанд.

Вобаста ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгард иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 72,4 миллион сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қариб 22 миллион сомонӣ корҳои таъмиру нигаҳдорӣ иҷро гардида, нисбат ба соли 2020-ум мутаносибан 9,8 дарсад ва 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 113,2 миллион сомонӣ корҳои таъмиру ободонии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он анҷом ёфтааст.

Соли 2021-ум 270 километр роҳ асфалтпӯш, 673,5 километр шағалпӯш шуда, 144 пул ва 161 қубур таъмир гардид.

Бино ба гуфти Азим Иброҳим, дар ҷумҳурӣ 26 ҳазор километр роҳ мавҷуд аст, ки 14349 километри он дар тавозуни Вазорати нақлиёт мебошад. То ҳол 40 дарсади роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта ва 20 дарсади роҳҳои ҷумҳуриявӣ таҷдид шуда, аз 8874 километр роҳи маҳаллӣ 1200 километр навсозӣ гардидааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»