Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода зимни нишасти матбуотӣ 8-уми феврал иттилоъ дод, ки баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 21 ихтисоси нави ба талабот ҷавобгӯ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳ мутахассисонро аз рӯйи 12 забон ва 40 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 11 ихтисос дар зинаи магистратура ва 8 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.
Қайд гардид, ки 41 нафар донишҷӯ аз оилаҳои камбизоат, ятим ва имконияташон маҳдудбуда аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озод карда шудааст.
Соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалии «Маҳорати нутқ»-и забони ҷопонӣ 3 нафар, «Наттоқони забони куриёӣ» — 3, «Пули забони чинӣ» — 1 ва «Забони ҳиндӣ» 7 нафар ҷойҳои ифтихориро гирифта, 48 нафар донишҷӯ барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.
Ҳоло дар донишгоҳ 395 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз давлатҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»