Аз нишастҳои матбуотӣ

42 фоиз афзудани истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ

№98 (4838) 12.08.2024

4- Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2024-ум 696 миллион сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137 миллион сомонӣ зиёд аст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 24 июли соли ҷорӣ мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Алиаҳмад Юсуфзода.

Зикр шуд, ки дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 27 филиали бонкӣ, 9 филиали ташкилоти қарзии хурд, 6 фонди қарзии хурд ва 183 маркази хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.

Алиаҳмад Юсуфзода гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ситод ва гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Теъдоди мизоҷони дар ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб тавассути кортҳои пардохти бонкӣ хизматрасонишаванда ба 529 ҳазору 773 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 42 фоиз зиёд аст. Хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пардохтӣ тавассути 206 банкомат ва 340 постерминал амалӣ мегардад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»