Аз нишасти матбуотӣ

Ҳаҷми боркашонӣ афзуд

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSC_0568Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) дар садади анҷомёбӣ буда, дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳ минбаъд «Роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб» номида мешавад. Ин нуктаро муовини директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июл баргузор гардид, изҳор дошт.

Бино ба гуфти номбурда, дар шаш моҳи соли 2016 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 2 миллиону 942 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳазор тонна ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо поездҳо 209 ҳазор мусофир сафар кардаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 12,3 ҳазор нафар зиёд аст. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба тоҷирон ва кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ аз 20 то 50 фоиз сабукӣ пешниҳод карда шуд. Дар асоси созишномаи байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Россия басташуда ба мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, аз 31 то 40 фоиз сабукӣ дода мешавад.

Айни замон парки инвентарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2070 вагони боркаш, 421 вагони мусофирбар ва 53 тепловоз  иборат аст.

Дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки шимоли кишварро ба марказ мепайвандад, масъулини корхонаи мазкур гуфтанд, ки доир ба ин масъала супориши Ҳукумати кишвар ҳаст ва мутахассисон оид ба асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи зикршуда кор карда истодаанд.

- Лоиҳаи роҳи оҳани Ҷануб-Шимол 296 километр­ро ташкил дода,  асосан аз талу теппаҳо ва кӯҳҳо мегузарад. Барои сохтмони  он маблағи ниҳоят калон лозим аст, — изҳор дошт Усмон Қаландаров.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»