Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 24 январи соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Муовини сардори корхона Усмон Қаландаров иттилоъ дод, ки соли 2016 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 миллиону 452 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 674 ҳазор тонна ё 11 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми боркашонии транзитӣ 52,5 фоиз кам шуда, 562 ҳазор тоннаро ташкил дод. Сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми боркашониро Усмон Қаландаров ба кам шудани содироти баъзе маҳсулот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ рабт дод. Омили кам шудани боркашонии транзитӣ дар он аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи нави алтернативии оҳанро бунёд карда, боркашониро тавассути он анҷом медиҳад. Дар робита ба ҳамкориҳои роҳиоҳанчиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон У. Қаландаров зикр кард, ки айни ҳол мулоқоту гуфтушунидҳо идома доранд ва боварӣ аст, ки масъалаҳои мавҷуда ҳалли худро пайдо мекунанд.
Аз ҷумлаи комёбиҳои дар соли 2016 бадастомада афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ мебошад. Дар ин давра тавассути қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 450,8 ҳазор мусофир интиқол ёфт, ки нисбат ба соли 2015-ум 25,9 ҳазор нафар зиёд мебошад. Роҳбарияти корхона аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш намуданд, ки сабукиҳои ба мусофирон муқарраршударо ба мардум расонанд. Ба мусофирони қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон 30 фоиз ва дар асоси созишномаи байни маъмурияти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қазоқистон ва Россия ба мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, ба ҳисоби миёна аз 31 то 45 рӯз – 45 фоиз, аз 21 то 30 рӯз – 40 фоиз ва аз 11 то 20 рӯз – 35 фоиз тахфиф муайян карда шудааст. Ҳамчунин, онҳое, ки гурӯҳӣ, аз 11 ва 20 нафар зиёд чипта мехаранд, мутаносибан 20 — 30 фоиз маблағашон сарфа мешавад. Барои хатсайрҳои «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» ва «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Шаҳритуз» бошад, 60 фоиз сабукӣ пешниҳод шудааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»