Аз нишасти матбуотӣ

Ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа коҳиш ёфт

№105 (3585) 09.08.2016

DSC_1314Сеюми августи соли равон нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини якуми раиси он Абдураҳмонзода Адолат рӯзноманигоронро бо натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа ва корхонаву муассисаҳои тобеи он шинос намуд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа бо дарназардошти операторони хусусӣ як миллиарду 48,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам мебошад. Дар ин давра муштариёни алоқаи мобилӣ 10 миллион нафарро ташкил намуд, ки аз ин рақам 4,9 миллионаш фаъол мебошад. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди кишвар 4,5 дастгоҳи телефонии собит ва 63 дастгоҳи телефонии мобилии фаъол рост меояд. Аз ҳар 100 нафар 34 нафар истифодабарандаи интернет мебошанд.

Оид ба фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 471 шуъбаи алоқаи почта фаъолият мекунанд. Даромади умумии соҳаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ 3,3 милион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми муросилоти почта 898 тоннаву 585 килограммро дар бар гирифт ва дастраснамоии он ва матбуоти даврӣ дар шаҳри Душанбе дар як ҳафта 5 маротиба, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳафтае 3-4 маротиба ба роҳ монда шудааст.

 

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»