Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳайдар Одиназода аз бетафовутии масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо изҳори нигаронӣ кард

№№14 (3964) 05.02.2019

Odinazoda-682x1024Мавзӯи асосии нишасти матбуотиеро, ки 29 январи соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ баргузор гардид, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассиса ташкил дод.

- Ҳадафи асосии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикис­тон, — қайд кард ректори он Ҳ. Одиназода, — омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозор мебошад. Ҳоло барои донишҷӯёни бахши буҷавӣ мушкилоти асосӣ таъмин нашудан бо ҷойи кор аст. Дар робита ба ин масъала ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб равон кардем. Вале онҳо нисбат ба таъмини хатмкардагони бахши буҷавӣ бо ҷойи кор бетафовутӣ зоҳир карданд.

- Боиси ташвиш аст, ки мушкилоти зикршуда ба донишҷӯёни аз тариқи квотаи президентӣ хатм­карда низ тааллуқ дорад. Дар панҷ соли охир барои бо ҷойи кор таъмин намудани 54 нафари аз тариқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатмкарда аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо раддия дохил шуд, ки 18-тои он ба соли 2018 рост меояд, — гуфт Ҳайдар Одиназода.

Дар маҷмӯъ, соли 2018 донишгоҳро 1831 нафар хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 282 нафар кам мебошад. Айни замон дар донишгоҳ 369 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 92 нафар профессор, 29 доктори илм ва 186 номзади илм мебошанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»