30-юми январ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии муассиса баргузор гардид.
Ректори академия иттилоъ дод, ки дар муассиса машғулияту омӯзиш ва дарсҳо асосан ба забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён гирифта, ҳамасола аз он беш аз дусад нафар донишҷӯ барои табодули афкору таҷрибаомӯзӣ ба шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Остона ва ғайра фиристода мешаванд. Бо ин мақсад то ин дам 67 нафар донишҷӯ сафарбар шудаанд.
Имрӯз дар академия 4873 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки наздик ба 2000 нафарашон дар шуъбаи рӯзона илм меомӯзанд.
- Дар академия хизматчиёни давлатӣ аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» ба омӯзиши яксола ва шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, ба муҳлати ду сол аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, академия докторантони зинаи докторантураи PhD ва унвонҷӯёнро бо роҳбарони унвондору соҳибтаҷриба ва баландихтисос таъмин менамояд. Академия барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии рақобатпазир дар зинаи докторантура ва унвонҷӯй дар сатҳи байналмилалиро кафолат медиҳад, — зикр кард ректори муассиса.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»