Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷаласаҳои сайёр — воситаи таъсирбахши ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон

№86 (4192) 16.07.2020

Музафар Ашуриён Ваз Адлия- Вазорати адлия нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1651 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1218 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд, — гуфт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин, вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо, бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 12 лоиҳаи қонун (аз ҷумла, 2 лоиҳаи қонуни мукаммал), лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Ҷиҳати санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи якум 793 мавод — 517 санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 88 санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 28 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 66 супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 мавод барои иҷро ва 65 мавод барои маълумот ворид шудааст.

Зикр гардид, ки дар солҳои 2015 – 2020 дар ҷумҳурӣ 220 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, 18 коллегияи адвокатӣ ташкил ва 2 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд.

Дар давраи мавриди назар, аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зӯроварӣ дар оила доир гардидааст, ки дар онҳо 1231 шаҳрванд иштирок кардаанд.

-Айни замон дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду аризаи даъвогии вазорат вобаста ба барҳам додани фаъолияти шуъбаи «Оперейшн Мерсӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, оид ба боздоштани фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» мавриди баррасӣ қарор доранд, — изҳор дошт вазир.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»