Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамкорӣ бо 120 ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ

№96 (4836) 05.08.2024

4 - Дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилот дар Тоҷикистон» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба донишгоҳ як силсила таҷҳизот, ба монанди спектрофотометр, печи хушккунӣ, сентрафуга, омехтакунаки магнитӣ, рефрактометр, дистиллятор, яхдон барои нигаҳдории маводи химиявӣ, ворид карда шуд, — иброз намуд ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ 25-уми июли соли равон.

Донишгоҳ бо 120 ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Қайд гардид, ки ҳоло дар донишгоҳ нуҳ лоиҳаи грантӣ амалӣ шуда истодааст.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»