Навгоние, ки таваҷҷуҳи маро дар толори нишастҳои матбуотӣ (воқеъ дар ошёнаи дуюми Маркази тадқиқоти стратегӣ) ҷалб намуд, ин ғайб задани овеза ва ё логотипи рӯзномаву ҳафтанома ва оҷонсиҳои иттилоотӣ буд. Ба ҷои он овезаеро насб кардаанд, ки дар он танҳо номи АМИТ «Ховар» бо логотипҳояш «ҷилва» менамоянду халос… Шояд масъулин барои ин иқдом асос дошта бошанд, вале банда муътақидам, ки будани овезаи қаблӣ мантиқан дуруст буд.
Дар ин толор 17 январи соли равон нишасти матбуотии БДА ҶТ «Амонатбонк» доир гардид. Ба гуфтаи раиси бонки мазкур Руҳулло Ҳакимзода, нишондиҳандаҳои фаъолияти ин муассисаи молиявӣ дар ҳама самт тамоюли афзоишро касб намудаанд. Дар ҳоле ки бонкҳои «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда, бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ қомат рост мекунанд, пешравиҳои «Амонатбонк» қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Он ба зиёда аз 14 ҳазор корхонаю ташкилот, 664 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, 1,2 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 509 маркази хизматрасонии бонкӣ, 194 нуқтаи интиқол, 75 филиал бо 3 ҳазор корманд дар ҷумҳурӣ хизмат мерасонад. Соли 2016 дороиҳои бонк 2,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 ба андозаи 16 фоиз афзудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки дар ин давра пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Сармояи бонк низ нисбат ба соли 2015- ум 27 фоиз зиёд шуда, даромади тавозунии солона ба зиёда аз 14 млн. сомонӣ расид.
Ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тавсеа ёфта, 63,9 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст. Бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 24 шаҳру ноҳияи кишвар 59 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.
Бонк дар маҷмӯъ аз ҳисоби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ соли 2016 ба зиёда аз 12 ҳазор нафар 603 млн. сомонӣ қарз пешниҳод намудааст.
Дар баробари ин, «Амонатбонк» дар давраи зикршуда ҷиҳати дастгирии бонкҳои ватанӣ, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани пардохтпазирии онҳо қарзҳои байнибонкиро дар ҳаҷми 21 млн. сомонӣ пешниҳод намуд.
Р. Ҳакимзода дар идома қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба омӯзгорони ҷавон 1,2 млн. сомонӣ ва муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ 1,3 млн. сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудааст.
Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон мадди назар буда, «Амонатбонк» қарзи хурди имтиёзноки «Судманд»- ро рӯи кор овард. Ин намуди қарз бештар ба нафақагирон, кормандони соҳаҳои маориф ва тиб бо роҳи ниҳоят содашуда дастрас аст. Бақияи сандуқи қарзии бонк зиёда аз 1,2 млрд. сомониро ташкил дода, шумораи умумии қарздорон 28 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда 129 млн. сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба соли 2015- ум 28 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, маълум гардид, ки дар доираи стратегияи қабулшуда аз соли 2019 бонк ба пешниҳоди қарзи ипотекӣ шурӯъ хоҳад кард.
Далер Мерганов, «Садои мардум»