Аз нишастҳои матбуотӣ

Қарзи «Барқи Тоҷик» ба 2,7 миллиард сомонӣ расид

№12(3649) 04.02.2017

DSC_0515Дар нишасти матбуотие,  ки 31 январи соли ҷорӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор гардид, оид ба истеҳсол ва  фурӯши неруи барқ, вазъи соҳа, пурра барҳам додани маҳдудияти интиқоли неруи барқ, қарзҳои дебиториву кредиторӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолият маълумот дода шуд.

Раиси ширкат  Мирзо Исмоилзода, аз ҷумла, гуфт, ки соли 2016 истеҳсоли неруи барқ 14 миллиарду 403,1 миллион кВт.соатро ташкил дод, ин нисбат ба соли 2015-ум 13 миллион кВт.соат зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли гармӣ дар ин давра ба 311,4 ҳазор Гкал баробар шуд. Бо мақсади таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар соли 2016 аз тарафи ширкат 2634,3 миллион кВт. соат барқ харидорӣ гардида, ба муштариён 12 миллиарду 803,1 миллион кВт.соат ба маблағи як миллиарду 659,9 миллион сомонӣ интиқол дода шуд.  Ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар 1332,9 миллион кВт. соатро ташкил дод, — изҳор дошт М. Исмоилзода.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра қарзи дебитории ширкат ба як миллиарду 577,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 82,9  миллион сомонӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, 104,9 миллион сомонӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ, 24,9 миллион сомонӣ КВД «Обу корез», 43,4 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ рост меояд. Ҳамчунин, корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз қабили КВД Ширкати «Алюминийи Тоҷик», КМ «Тоҷиккимиёсаноат», Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», КМ «Олим Текстайл» ва ҶСК «Ангишт»  низ қарздорони ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд. Дар маҷмӯъ, қарзи кредитории ширкат ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»