Аз нишастҳои матбуотӣ

Асомуддинзода Тоҷиддин: «ДИТ бо устодони соҳибтахассус таъмин мебошад»

№17 (3811) 08.02.2018

ИсломиДунёи ислом то андозае нотинҷ аст. Қудратҳо ва гурӯҳҳои тундраву такфирӣ дар бесубот гаштани он нақши асосӣ доранд. Кишварҳои вайронгашта, одамони овораву сарсон, ҷонҳои аз даст рафта, тасвире аз мамолики мусулмонист. Ин чиз боис гаштааст, ки ҷомеаи ғайриисломӣ ба мусулмонон бо шубҳа нигоҳ кунанд.

Тоҷикистон кишварест, ки аксари аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд ва ҳанафимазҳаб ҳастанд. Барои пойбанд мондан ба ин мазҳаб ва нагаравидан ба тариқатҳои тундгарову харобиовар ниҳодҳои махсуси динӣ, уламои суннативу дилогоҳ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар фаъолона кор мекунанд. Яке аз онҳо  Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад, ки 5 феврал дар он нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Ибтидо ректори донишкада Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин дар бораи фаъолияти яксолаи муассиса маълумот дод. Вай, аз ҷумла, зикр намуд, ки донишкада айни замон бо низоми таълимии кредитӣ фаъолият намуда, мутахассисони соҳаи бакалаврро омода месозад. Он дорои ду факултет: филологияи Шарқ, улуми исломӣ ва 9 кафедра: забон ва адабиёти араб, забонҳо, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ, педагогика ва психология, таъриху диншиносӣ, шариати исломӣ, улуми «Қуръон», аҳодиси набавӣ, фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Дар донишкада илова ба фанҳои динӣ, фанни забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, арабӣ), назарияи иқтисод, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, экология, педагогика, риёзӣ ва информатика дарс дода мешаванд. Муассиса бо устодони соҳибтахассус  таъмин мебошад.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишкада 1478 нафарро ташкил медиҳад, ки 322 нафарашон духтаронанд.

 Ворис, «Садои мардум»