Аз нишастҳои матбуотӣ

Аввал механиконӣ, баъд саноатикунонӣ

№15 (3809) 03.02.2018

Точик Агролизинг (2)- Тасмими аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани ҷумҳурӣ аз тарафи роҳбарияти мамлакат иқдоми ҷиддӣ, шоиста ва ҳаётан муҳим буда, кафолати  ҳамрадифӣ бо мамолики мутараққӣ мебошад. Аммо  бе  соҳаи пешрафтаи кишоварзӣ расидан ба ин ҳадаф номумкин аст, зеро манбаи асосии даромад дар кишвар алҳол соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Барои рушди он маблағи зиёд лозим, зеро бинобар мавҷуд набудани корхонаҳои истеҳсоли мошину трактор ва дигар олоти кишоварзии ватанӣ онҳоро аз хориҷа харидорӣ менамоем. Дар замони шӯравӣ, ки соҳаи кишоварзӣ мутамарказ буд, баҳрабардорӣ аз техникаву мошинолот мушкил набуд. Мутаассифона, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ марказҳои ободи хизматрасониҳои техникии маъруф бо МТС ва «Селхозтехника» ба нестӣ рафтанд. Ҳоло зарурати эҳёи он ба миён омадааст, — гуфт директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода дар нишасти матбуотӣ

- Рисолати асосии корхона расонидани кумак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ва бо техникаву мошинолоти муосир таъмин намудани  онҳо мебошад. Бо дарназардошти ояндабинӣ, манфиатҳои умумимиллӣ ва вазъи молиявии деҳқонон, корхона ба онҳо сабукиҳо фароҳам овардааст, то ин ки самаранокии корро баланд бардоранд, — изҳор дошт Юсуф Акрамзода.

Соли 2017 маҷмӯи маб­лағҳои аз ҳисоби гузаронидани амалиёти лизингӣ, подошҳои лизингӣ, марказҳои хизматрасонии техникӣ ба корхонаи мазкур дар қиёс ба соли 2016 бамаротиб зиёд шуда, 8 миллиону 710 ҳазору 292 сомониро ташкил дод.

Корхона ба 193 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) — и шаҳру ноҳияҳо аз тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба маблағи 32 916 205 сомонӣ 137 адад техника ва 174 адад мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дод.

Айни ҳол дар 56 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ МХТ – ҳо фаъолият доранд ва боиси хушҳолист, ки дар МХТ- и ноҳияи А. Ҷомӣ  барои сох­тани 5 намуд мошинолоти кишоварзии ватанӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ҶШСК «Авторем». ҶШСК «Новселмаш», ҶШСП «ТоҷИрон» дар ҳоли густариш мебошад.

Ҳаёт ҳаракату пешравиро дӯст медорад. Механикунонии соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва  роҳ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»