Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад

№23 (4606) 10.02.2023

CTX_2642++- Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти пешакӣ дар соли 2022 ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки ба андозаи 3 миллиарду 516,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, 3 миллиарду 532,6 миллион сомонӣ ворид шуда, нақша 100,5 дарсад иҷро гардид, — гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода 7-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 285,2 миллион сомониро ташкил дода, пурра иҷро гардидааст. Аз ҷумла, барои маблағгузории нафақа дар соли 2022-юм 3 миллиарду 246, 9 миллион сомонӣ равона намуда, айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.

Зикр гардид, ки шумораи нафақагирон то якуми январи соли 2023-юм 763 ҳазору 333 нафарро ташкил менамоянд, ки афзоиши теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 516 нафар ё 1,8 дарсадро ташкил додааст.

Дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159 ҳазору 146 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз зиёд гардидааст.

Барои пардохти нафақа ба нафақагирони дорои маъюбият дар як моҳ 51,9 миллион сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 325, 84 сомонӣ баробар аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»