- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ба дастгоҳи марказии Хадамот 954 муроҷиати ҳуқуқӣ ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид шуд, ки назар ба соли пешин 198 муроҷиат кам мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 5 феврали соли равон сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ.
Аз ин шумора 134 адад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 — ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 — ба мақомоти судӣ, 3 адад ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 771 муроҷиати шахсони воқеӣ ва 31 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ба фаъолияти баамалбарории Хадамоти иҷро алоқаманд мебошанд, ки онҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
- Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 11330 истеҳсолоти иҷро ворид гардидааст ва ба 11154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуда, ба нишонии муайяншуда ирсол гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ, бинобар саркашӣ кардани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон, тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, — иброз намуд Б. Саидвализода.
Таъкид гардид, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар сохтори Хадамоти иҷро феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ ташкил шудааст ва айни ҳол ба он 2572 шахси воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқӣ шомил мебошанд.
Зикр гардид, ки дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро 161 шаҳрванд оид ба масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ дар ситонидани маблағи алимент, маскун намудан ва ситонидани маблағҳои қарзӣ қабул карда шуда, барои ҳалли ин мурооҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»