Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба 33159 нафар мақоми бекорӣ дода шуд

№92 (3886) 31.07.2018

DSC_0003Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 251247 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ  сафар намуданд, ки 32487 нафарашон зан мебошанд.  Аз ин шумора 240 727 нафар ба Федерат­сияи­ Россия ва 6837 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кардаанд.  Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  8455 нафар ё ин ки 3,5 дарсад зиёд шудааст. Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 26 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки аз хориҷи кишвар 186081 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштааст, ки нисбат ба соли гузашта 16 дарсад зиёд мебошад.

- Ҷиҳати пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққи шаҳрвандон,  аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 фаъолияти 984 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт ва 3876 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 2883 ҳолати он ба масъалаҳои меҳнат, 719 — бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 71 — муҳоҷират ва 203 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд. Дар натиҷа, 11 миллиону 904 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид ва ба шаҳрвандон пардохт карда шуд, — изҳор дошт Сумангул Тағойзода.

Бино ба гуфти масъулин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 75672 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 53296 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта, ба 33159 нафар мақоми бекорӣ дода шуд.  Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмӯъ, 32137 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.

Айни замон музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ  1168,57 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,6 сомонӣ зиёд аст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»