Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба беш аз 149 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

dav- Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2022 ба буҷети ҷумҳурӣ 10 миллиону 150 ҳазору 856 сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – ум 4 миллиону 758 ҳазору 726 сомонӣ зиёд аст, — гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, директори генералии фурудгоҳ зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки дар давраи мавриди назар ба 149 ҳазору 322 мусофир хизмат расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 92 ҳазору 510 адад зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки ҳоло дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 249 нафар фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 2368 сомониро ташкил медиҳад.

Маълум шуд, ки аз ҳисоби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» чор нафар донишҷӯ, як нафар дар Донишгоҳи авиатсионии Қазони Федератсияи Россия, як нафар дар Академияи авиатсияи граждании шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ва ду нафар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таҳсил доранд.

- Гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳангоми муоинаи пешазпарвозии мусофирон 73 нафарро ошкор кард, ки ашё ва моддаҳои барои бо тайёра бурдан мамнӯъ доштанд. Аз ҷумла, 63 ашёи тезу буранда, 18 литр равған, 700 грамм моддаҳои заҳролудкунандаи зидди ҳашарот, 4,5 литр нӯшокии спиртӣ, 17 адад балончаҳои газӣ, 28 адад балончаҳои оташафрӯзак ва 100 грамм сирко ошкор ва мусодира гардид, — афзуд Нуралӣ Ҳомидзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»