- Соли 2020 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» омӯзиши геологии қаъри заминро амалӣ намуда, бо истифода аз маблағи буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба маблағи 7 миллион сомонӣ корро ба анҷом расонид, — изҳор намуд муовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода 3 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Кор аз рӯи 196 лоиҳа ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ иҷро шуд. Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ» дар асоси дархост ва нақша дар 870 деҳаву маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, ҷойҳои барои истиқомат хавфнок муайян ва ба 634 хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки ба ҷойҳои бехавф кӯчанд.
Соли сипаришуда дар шӯрои илмӣ-техникии Саридораи геология 48 лоиҳа, 39 ҳисобот ва 1 барномаи давлатӣ муҳокима гардида, дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 матлаб қарор дошт.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»