12-уми феврал раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2023 бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 22 санади нави ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри — Ланка, Урдун, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва долонҳои Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Эрон ва ғайра, ба имзо расонда шудааст.
Соли гузашта аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд, 1 миллиону 210 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардидааст.
Номбурда, ҳамчунин, иброз намуд, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият кард, ки аз ин 190 меҳмонхона, 34 ҳостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошад.
Зикр карда шуд, ки айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузарондани пурсишҳо, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасониҳои машваратӣ амалӣ мегардад. Дар баробари ин, «Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, аз он 15,7 миллион доллари ИМА барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардид.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»