Дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 24 июли соли равон баргузор шуд, ба саволҳои журналистон муовини якуми раис Ҷамолиддин Нуралиев посух дод. Номбурда зикр намуд, ки сатҳи таваррум дар шаш моҳи соли равон 5,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таваррум дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ — 8,3 фоиз, ғайрихӯрокворӣ — 1,3 ва хизматрасониҳо — 4,9 фоиз ба вуҷуд омад.
Бино ба гуфти масъулин, ҳаҷми пули нақди дар муомилотбуда 9,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 17,8 фоиз зиёд мебошад. Моҳҳои январ – июни соли равон ҷиҳати таъмини талабот бо пули миллӣ. 2,4 миллиард сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Ба ғайр аз ин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ бонки мазкур 87 музоядаи қоғазҳои қиматнокро баргузор намудааст, ки ҳаҷми фурӯши он қариб 4,0 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки сиёсати қурбӣ дар асоси реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудуди тағйирёбии қурб» идома ёфта, тибқи он қурби расмии сомонӣ дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар шуда, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои аз ҳадди эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба вазъи бозор дахолат менамояд.
Дар натиҷа, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то 30 июни соли ҷорӣ 11,9 фоиз коҳиш ёфта, қурби фурӯши доллари ИМА 11,7 фоиз баланд шуд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 96 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 16 бонк, 34 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 13 ташкилоти қарзии хурд ва 33 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра 20 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 1,3 фоиз афзудааст.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38,2 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо ба савдои хориҷӣ 33,5 фоиз, саноат — 19,9, истеъмолӣ — 18,6, кишоварзӣ — 10,5, хизматрасонӣ — 7,9, сохтмон — 4,6, нақлиёт — 2,3, миёнаравии молиявӣ — 1,1 ва дигар соҳаҳо 1,6 фоиз рост меояд.
Дар давраи зикршуда шумораи банкомат ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 737 адад ва 2985 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди банкоматҳо 42 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 690 адад зиёд шудааст. Моҳҳои апрел-июни соли равон дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 574 терминали электронӣ насб шуда, 523 дархости соҳибкорон оид ба насби терминалҳои электронӣ дар баррасии ташкилотҳои қарзӣ қарор дорад.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»