Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устодони муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ вобаста ба талаботи замон нав кардани васоити таълим аст. Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ дар нишасти матбуотӣ (11 январи соли ҷорӣ) иброз дошт, ки соли сипаришуда омӯзгорони донишгоҳ 31 китоби дарсӣ, 15 монография, 65 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 670 мақолаи илмию методӣ таҳия ва нашр карданд.
- Муҳити таълимиро китоб фароҳам месозад, — гуфт Носирҷон Салимӣ. — Устодони донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки «Донишномаи физика», «Донишномаи география», «Донишномаи биология», «Донишномаи астрономия»-ро то ҷашни Наврӯз ба чоп омода намоянд. То ин дам танҳо «Донишномаи химия» аз чоп баромад.
Соли гузашта 15 нафар хатмкунандаи зинаи таҳсилоти бакалаври донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Псков ва 8 нафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон қабул гардиданд. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 1006 нафар донишҷӯйи хориҷӣ таҳсил мекунад.
Ректори донишгоҳ дар бораи зарурати фаъолгардонии маҳфилҳои беруназдарсӣ гуфт, ки мо бояд роҳҳои сарфаи неруи барқ, парвариши гулу буттаҳои ба иқлими пойтахт мувофиқ ва ғайраро бо гузаронидани таҷрибаҳо ба донишҷӯён ёд диҳем.
Маъмурияти ДДОТ ба босамар гузаштани давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо сохторҳои гуногун дар ин самт ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ба гуфти декани факултети география Амриддин Самиев, соли гузашта хатмкунандагони шуъбаи туризм тайи чор моҳ дар меҳмонхонаҳои «Ҳаят реҷенсӣ», «Серена Душанбе» «Шератон», Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он таҷриба омӯхтанд. Як қисми хатмкардагони шуъба ҳоло дар меҳмонхонаҳои мазкур кор мекунанд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»