Пас аз баланд шудани андозаи маош, нафақа, стипендия ва дигар кумакпулиҳо аз ҷониби ягон ташкилот оид ба баланд кардани нархи кору хизматрасониҳо муроҷиат нашудааст. Дар ин бора сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод зимни нишасти матбуотӣ 29 июли соли равон иттилоъ дод.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар самти ҳимоя ва дар заминаи таҳлилу омӯзиши маълумоти дастрасгардида Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозор мавқеи ҳукмфармо доранд, таҷдиди назар гардида, 10 субъекти хоҷагидорро бо сабаби аз даст додани мавқеи ҳукмфармоӣ аз он бароварда, 10 субъекти хоҷагидори дигар шомил карда шуд. Бино ба гуфти номбурда, дар нимсолаи якуми соли 2016 воридоти гандум ва орд рақобатпазир буда, мутаносибан 61 ва 55 субъекти хоҷагидор иштирокчии он мебошанд. Дар бозори семент ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон бо 48,54 фоизи истеҳсоли ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда ба феҳристи зикршуда ворид шуд. Дар бозори бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ панҷ субъект ба феҳристи мазкур дохил шуда, дар бозори гази моеъ ягон субъект мавқеи ҳукмфармоӣ надорад.
Саъдӣ Қодирзода гуфт, ки Хадамот дар самти назорати реклама низ кори зиёд анҷом дода, дар давраи мавриди назар ширкатҳои Тсел ва Билайн барои рекламаи номуносиб ҳар яке ба маблағи 10000 сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба марказҳои машваратии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 397 муроҷиати шифоҳиву хаттӣ ворид шуда, баррасӣ гардидаанд.
Масъулин изҳор доштанд, ки ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои истеъмолиашон шаҳрвандон бояд ба Хадамот ва марказҳои машваратии он, ки дар 58 шаҳру ноҳия таъсис ёфтааст, муроҷиат кунанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»