- Дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 1609 парванда баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошад. Ин муддат 13 санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ, 4 санади судӣ дар марҳилаи назоратӣ ва 3 санади судӣ дар раёсати Суди Олии иқтисодӣ бекор карда шуданд, — иброз дошт раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотӣ. — Зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ба судҳои иқтисодӣ 1 миллиону 755 ҳазору 920 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 602 ҳазору 303 сомонӣ беш аст.
Зикр гардид, ки дар ин давра барои рӯёнидани маблағи зарар ва қарзи бонкӣ ба маблағи 321 миллиону 788 ҳазору 733 сомонӣ даъво пешниҳод ва аз он 137 миллиону 867 ҳазору 251 сомонӣ қонеъ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот доир ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ тадбирҷӯӣ гардида, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва зарару қарз ба маблағи 164 миллиону 208 ҳазору 716 сомонӣ таъмин гардид.
- Дар мурофиаҳои сайёри судӣ 268 парванда баррасӣ гардида, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо таҳлил ва ба мақомоти дахлдор 61 пешниҳод ирсол шуд, — афзуд номбурда.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»