Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии беш аз 10 лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ

№19 (4281) 11.02.2021

IMG_7942- Вобаста ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад, баррасии зиёда аз 10 лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3) дар таҳрири нав, Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар лоиҳаҳо идома дода шуд, — изҳор дошт ҳаштуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода ва афзуд, ки ҳамчунин, аз ҷониби Марказ як маҷмӯи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот, панҷ тафсири қонун, панҷ истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ тибқи санадҳои қонунгузорӣ ва шаш дастури илмӣ таҳия ва нашр гардиданд.

Дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ бошад, 60 мавзӯи дахлдор бо забон­ҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бори нахуст 17 ноябри соли 2020 сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ — таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ бо суроғаи www.qonunguzori.tj фаъол гардида, дар он шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба чопи мақола ҷойгир карда шуд.

Ҳамчунин, маълум гардид, ки бо ташаббуси Марказ се конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯъҳои «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» ва «Рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ» доир шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»