Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии беш аз 12 ҳазор парванда дар ҷамоату шаҳракҳо

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

ШохиёнРаиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни суханронии хеш дар нишасти матбуотӣ 14 июли соли равон оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, изҳор дошт, ки дар марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоят, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо 70228 парвандаи судӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои  муассисаҳои ислоҳӣ ва мақомоти иҷро баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки яке аз вазифаҳои мақомоти судӣ мувофиқи талаботи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ мебошад. Барои аз байн бурдани сабабу шароити ба қонуншиканӣ мусоидаткунанда 14920 таъиноти хусусӣ бароварда шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030»  аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо  дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуданд. Дар суҳбатҳо мазмуну муҳтавои қонунҳо, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳу тавзеҳ дода шуд. Бо истифода аз усули мурофиаҳои сайёр  баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ 12616 парванда дар ҷамоат ва шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки теъдоди зиёди сокинон баррасӣ гардид.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»