- Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6943 шартномаи суғуртавӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва 288538 адад бо шахсони воқеиро ба имзо расонид, ки 96,4 фоизи он намудҳои ихтиёрии суғурта мебошанд. Дар асоси шартномаҳо, беш аз 17 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 119,5 фоиз иҷро шуд, — гуфт директори генералии корхона Шуҳрат Мақсудзода дар нишасти матбуотие, ки 19 июли соли 2021 баргузор гардид.
Корхона дар давраи зикршуда ба 2929 шахси зарардида 3105700 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намуд, ки 18,3 фоизи маблағи умумии воридгардидаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади мутобиқгардонии фаъолияти ҳисобдорӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои рақамӣ ва барномаҳои муосири муҳосиботӣ мутахассисону масъулини самти ҳисобдории дастгоҳи марказӣ ва 16 сармуҳосиби филиалҳо аз рӯи барномаи муҳосибии — 1С малакаашонро такмил доданд.
КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта ба роҳ мондааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»