Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 2 миллион симкорт аз нав ба қайд гирифта нашудааст

№15 (4435) 05.02.2022

DSC_9420Зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 январи соли 2022 баргузор гардид, муовини сардори он Илҳом Атоев иброз дошт, ки даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа 3,1 миллиардро ташкил менамояд. Субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи барқӣ иҷозатнома доранд, 88 адад мебошанд. Дар соли 2021 ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 265 адад ҳуҷҷати иҷозатдиҳии мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ дода шуд. Инчунин, шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,2 миллион нафар мебошанд.

Маълум гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ наз­дик ба 8 миллион ададро ташкил дода, 5 миллиону 464 ҳазор ададашон аз ҷумлаи муштариёни фаъол мебошанд. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 таҳти №207 — 7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвас­тшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизмат­расониҳои вобаста ба он» Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ то ҳол 5 миллиону 412 ҳазору 345 симкортро ба қайд гирифтааст. Новобаста ба он ки муҳлати бақайдгирии симкортҳо то 15 феврали соли 2022 тамдид шудааст, вале айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 фаъол мебошанд, 2 миллиону 412 ҳазору 345 ададро ташкил медиҳад.

- Бо вуҷуди афзоиши рақобат дар бозори алоқаи барқӣ ҳаҷми умумии даромад дар ин марҳила ба андозаи 142 миллиону 870,6 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст. Барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, то ҳол беш аз 50 мақомот ба он пайваст шуданд. Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» дар ин давра назаррас буда, ба андозаи 9 миллиону 502 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст. Ҳаҷми умумии муросилоти почта 639 ҳазору 320 килограммро дар бар гирифта, воридоти муросилоти почтаи байналхалқӣ 52 тоннаю 116 килограммро ташкил медиҳад,- иброз дошт Илҳом Атоев.

Хабарнигорон ба масъулини Хадамоти алоқа доир ба камбудиҳои рӯзмарраи хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет, аз ҷумла, барқарор намудани хатҳои телефонҳои рақамӣ, ки солҳои қаблӣ фаъол буданд ва ҳоло талаву тороҷ гардида, ба нестӣ рафтаанд, инчунин, хизматрасонии почта ва сари вақт дастрас нагардидани рӯзномаву маҷаллаҳо ба обуначиён дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат изҳори нигаронӣ карданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»