Барномаи нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ), ки 29 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, аз фаъолияти БМИМТ дар татбиқи марҳилаи III — Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт дар нимсолаи аввали соли 2016» иборат буд.
Директори иҷроияи БМИМТ Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ ба рӯзноманигорон аз хусуси мақсади ҳар ду барномаи татбиқшаванда маълумот пешниҳод карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» (марҳилаи III) ба беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар минтақаи фарогири лоиҳа — 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон равона шудааст.
Дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа ба ҷойи 14 бинои фарсудаи корношоям бунёди биноҳои нави аз ҷиҳати хароҷоти энергетикӣ ва истифодабарӣ ба мақсад мувофиқ ва каммасраф пешбинӣ шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 6855603 доллари ИМА-ро дар бар мегирад ва 6 миллион доллари он гранти Ҳукумати Олмон буда, маблағи боқимонда ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (775603 доллари ИМА) ва ҳиссаи аҳолӣ (80000 доллари ИМА) мебошад.
Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар асоси ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, БМИМТ ва Бонки олмонии рушд аз 16 январи соли 2013 амалӣ мешавад. Ноҳияҳои фарогири барнома Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод ҳисоб мешаванд. Татбиқи барнома 1 апрели соли 2013 шурӯъ шуда, 1 апрели соли 2017 ба охир мерасад.
Буҷети барнома асосан аз ҳисоби «маблағҳои мутақобила»-и ду хатти қарзӣ ташаккул ёфта, 12 лоиҳаро фаро мегирад. Тибқи он дар ноҳияи Нуробод сохтмони чор бинои дуошёнаи таълимии ҳар кадом дорои 8 синфхона, дар ноҳияи Рашт чор бинои дуошёнаи сетояш дорои 8 синфхона ва якеаш дорои 10 синфхона ва дар ноҳияи Тоҷикобод чор бинои дуошёнаи таълимии ҳар кадом дорои 8 синфхона анҷом дода мешавад.
Азхудкунии маблағҳои барномаи мазкур 373,2 ҳазор доллари ИМА ё худ 174,9 фоизи нақшаро ташкил менамояд.
- Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди маориф авлавият додааст ва мо дар барномаи худ низ инро ба эътибор гирифтаем. Месазад, ки насли наврас дар мактабҳои замонавии дорои шароити муосир таълим гиранд, — гуфт дар ҷамъбаст директори иҷроияи БМИМТ Шералӣ Сиддиқзода.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»