- Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи чорумро ишғол намуда, ба панҷгонаи беҳтарин шомил гардид, - зикр кард ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ дар нишасти матбуотие, ки 4 феврали соли 2021 баргузор гардид.
Зикр шуд, ки бо мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, 8 ихтисоси нав таъсис ёфт.
Шумораи донишҷӯён 5780 нафарро ташкил дода, онҳо дар 232 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунанд. Соли гузашта донишгоҳро 926 донишҷӯ хатм намуда, 16 нафар дипломи аъло гирифтанд.
Фаъолияти илмӣ — тадқиқотӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия амалӣ гардида, дар донишгоҳ ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ ва номзадӣ фаъолият мекунад.
Донишгоҳ дар ин давра бо барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Эразмус+, Бонки ҷаҳонӣ, Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад, созишнома ба тасвиб расонида, ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ тақвият бахшид.
- Мақсад дорем, ки дар раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф мақоми баландтарро соҳиб шавем, — гуфт дар охир Маҳмадалӣ Қурбонзода.
А. Мирзоев,
«Садои мардум»