- Тавассути нақлиёти автомобилӣ 73,6 млн. тонна бор ва 634,8 млн. мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 99 фоиз ва 97,8 фоизро ташкил медиҳад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сеюми феврали соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Бино ба гуфти вазир, коҳиши мусофирбарӣ аз ҳисоби қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба амал омад.
Соли гузашта ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, аз ҷумла, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30 то 80 фоиз ва барои мусофирон аз 30 то 60 фоиз, тахфиф пешниҳод гардид.
Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 618,5 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодааст. Дар ин давра 917,3 км роҳ, 171 пул бо дарозии 4721 метр таъмир шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»