Аз нишастҳои матбуотӣ

Бозгашти 3625 донишҷӯ ба ватан

№20 (4126) 13.02.2020

DSC_5407- Ҳоло 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, маркази исломшиносӣ, дар маҷмӯъ 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, — изҳор дошт раиси Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода.

Зикр гардид, ки бо мақсади амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» кумита бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3794 оромгоҳ мавҷуд мебошад. Кормандони кумита ба таҳсилоти динӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мекунанд ва корҳои тарғиботиро тавассути шуъба ва бахшҳои дин ба роҳ мондаанд. Бо истинод ба маълумоти пешниҳодкардаи шуъба ва бахшҳои дин, ки аз шаҳру навоҳӣ иттилоъ додаанд, 3789 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамудаанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то ин вақт 3625 нафари онҳо ба Ватан баргардонида, 106 нафарашон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2019 дар асоси 308 дархост 4049 номгӯйи адабиёти динӣ, 7855 варақа, 39 сомонаи интернетӣ мавриди таҳлил ва ташхис қарор гирифт. Дар натиҷа, ба як қисмашон хулосаи манфӣ дода шуд.

Мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаригашта 695 қонуншиканӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»