Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов зимни нишасти матбуотӣ, ки 24 январи соли равон баргузор гардид, гуфт, ки дар соли 2016 бунёд ва барқароркунии ҷангал дар масоҳати 2040 гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба як соли пеш 53 гектар зиёд мебошад.
- Ҳимояи фонди ҷангал, олами набототу ҳайвонот вазифаи афзалиятноки кормандони мақомоти давлатии ҷангал ба ҳисоб меравад. Соли гузашта аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал ва зерсохторҳои он доир ба вайрон кардани талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 2051 санади вайронкунии қонунгузории ҷангал ба маблағи 385,4 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, -изҳор дошт номбурда. Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳо 1401 адад ба буриши ғайриқонунии дарахтон, 241- ба чорвочаронии худсарона, 232 — ҷамъоварии худсаронаи меваҳои хӯрданибоби ҷангал ва 177 адад ба шикори беиҷозат рост меояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»