Соли гузашта дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2376 корхона ва 10518 иншоот ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 220 назорати техникӣ гузаронида шуд. Дар ин бора сардори хадамоти мазкур Раҳим Санъат зимни нишасти матбуотӣ, ки якуми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, иттилоъ дод.
Ӯ зикр кард, ки дар давраи мавриди назар ба корхонаву ташкилот ва иншоот 172 иҷозатномаи навъҳои фаъолият, 114 шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 69 шаҳодатнома барои истифодаи анборҳои маводи тарканда ва 194 иҷозатнома барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шуд. Инчунин, 361 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 1306040 сомонӣ ҷарима шуданд.
Соли 2021 дар корхонаву иншооти зериназоратии хадамот 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва 45 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин давра нисбат ба соли 2020 ҳашт ҳодисаи нохуш зиёд рух дода, шумораи фавтидагон ва захмиён мутаносибан 16 ва 12 нафар зиёд аст. Таъкид гардид, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш — бемасъулиятии муҳандисони корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ аст.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»