- Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таъмин карда шуд, — иттилоъ дод муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод зимни нишасти матбуотӣ, ки дуюми август баргузор гардид.
Номбурда, ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 112,1 фоиз баробар аст.
Бино ба гуфти ӯ, моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҷумҳурӣ 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 2,8 миллиард доллари ИМА амалӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 мутаносибан 16 лоиҳа ва 582 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Дар ин давра хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт 6,1, фоиз, маориф — 11,5, алоқа — 4,3 ва хизматрасониҳои тиббӣ 1,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
- Дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот ба 22,7 ва воридот ба 77,3 фоиз баробар гардид, ки аз рӯи нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтаршавӣ ба назар мерасад. Номгӯйи маҳсулоти содиротӣ васеъ гардида, дар он ҳиссаи маъданҳо, барқ, меваи тару тоза, пӯсту чарм, воситаҳои нақлиёт ва ғайра тамоюли афзоиш касб кардааст. Шарикони асосии тиҷоратӣ аз рӯи амалиёти содиротӣ Туркия, Қазоқистон, Швейтсария, Россия, Афғонистон, Тайван, Хитой, Эрон ва Ӯзбекистон мебошанд, — иттилоъ дод Умед Давлатзод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»