- Дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 532 ҳолати фавқулодаи табиӣ, аз ҷумла 188 сел, 156 бориши барфу борони шадид, 77 тармафароӣ, 35 ҳолати болоравии сатҳи оби дарёҳо, 33 сангрезӣ дар роҳҳои мошингард, 18 заминларза, 14 кандашавӣ ва фуромадани ярч, ба қайд гирифта шуд, ки маблағи зарар 130 миллиону 663 500 сомониро ташкил дод, — изҳор дошт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.
Номбурда афзуд, ки дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 шаҳрванд, аз ҷумла 9 нафар дар натиҷаи омадани сел, 4 кас дар натиҷаи раъду барқ ва 2 нафар дар натиҷаи фаромадани ярч, ҷон бохтанд.
Бар асари офатҳои табиӣ 164 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, аз ҷумла 64 хона пурра, 24 хона қисман ва 74 хона сабук, зарар диданд. Ҳамчунин, 1853 иншооти ёрирасон, 13 иншооти маданию маишӣ, 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, зиёда аз 290 километр роҳҳои нақлиётӣ, 66 пул, 106 километр хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 29 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 22 километр хатҳои интиқоли барқ, 14 километр селпарто ва 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар дида, 687 сар чорво талаф ёфт.
- Сарфи назар аз рейдҳои мунтазам, вохӯриву суҳбатҳо ва муроҷиат тавассути ВАО ва сомонаи кумита, дар шаш моҳи аввали соли равон дар рӯду кӯлҳо ва каналҳои ҷумҳурӣ 86 нафар ҷон бохтанд. Аз шумораи ғарқшудагон 40 нафар кӯдакону наврасони то 16-сола ва 46 нафар аз 17-сола боло буданд, — гуфт Рустам Назарзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»