Ба суоли хабарнигори рӯзнома бобати дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёд намудани «Маркази ош» раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод 1-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:
- Дар ҳақиқат, ош яке аз намунаҳои беҳтарини хӯрокҳои миллии мо ба ҳисоб меравад ва мо ин иқдомро ҳамаҷониба баррасӣ намуда истодаем. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар озмуни лоиҳаи беҳтарин барои бунёди «Маркази ош» эълон гардидааст ва бо ташаббуси соҳибкорон чанд лоиҳа пешниҳод шуд. Бо муайян намудани қитъаи замин сохтмони он оғоз хоҳад шуд.
Зикр гардид, ки дар баробари «Маркази ош» дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси соҳибкорон бо харҷи 100 миллион сомонӣ дуюмин академияи Ювентус (маҷмааи варзиш) бунёд мешавад.
- Бунёди чунин маҷмааи варзиш имкон медиҳад, ки мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар он доир шаванд, — гуфт А. Муминзод.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»