Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДБЗТ маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат таъсис ёфт

№23 (4606) 10.02.2023

Дон Забонхо+ (1)- Соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат бо фарогирии беш аз 665 нусха адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳадафи он шиносоии донишҷӯён аз фаъолияти густурда ва созандагиву ҷавонпарваронаи Сарвари давлат дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад, — иброз дошт ректори он Жило Гулназарзода ҳаштуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд: — Бо истифода аз неруи илмии ҳайати устодону профессорони донишгоҳ ҷилди якуми асари Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума ва нашр гардид.

Зикр гардид, ки дастоварди дигар дар самти фаъолияти илмӣ — таҳқиқотии донишгоҳ дар соли 2022 таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ мебошад. Ҳоло дар муассисаи мазкур як шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-36 аз рӯи ихтисосҳои 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021301 — Назарияи забон ва 6D021302 — Забоншиносии муқоисавӣ — таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.00 — Забоншиносӣ (10.02.19 — Назарияи забон ва 10.02.20 — Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) амал менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар унвонҷӯ, докторант аз рӯи ихтисос ва омӯзгорони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Ҳамзамон, 12 хатмкунандаи зинаи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмиашонро ба анҷом расонида, барои дифоъ ба шӯроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод намудаанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Cадои мардум»