Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДМИТ таваҷҷуҳ ба бозомӯзии омӯзгорон хоса аст

№17 (3811) 08.02.2018

DSC_3878Панҷуми феврали соли равон нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид. Ректори он Шукрулло Хайрзода ба рӯзноманигорон гуфт, ки  соли сипаригардида барои ин муассисаи олии таълимӣ бобарор омад, зеро дар ҳама самти фаъолият дастовардҳо назаррасанд.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 39305 нафар довталаб Донишкадаи молия ва иқтисодро интихоб намуданд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар аст. Иҷрои нақшаи қабул 95,6 дарсадро ташкил кард, ки нисбат ба як соли пеш 7 дарсад зиёд мебошад.  Шукрулло Хайрзода, ҳамчунин афзуд, ки дар донишкада 6963 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки сатҳи донишазхудкуниашон нисбат ба соли 2016-ум 4,7 дарсад беҳтар шудааст. Бино ба гуфти масъулин, донишкада соли 2017 бо 8 муассисаи таълимии олӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар доираи ҳамкориҳои байнидонишкадавӣ 32 устоди донишкада дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд. 39 донишҷӯи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи хоҷагии халқи Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия дар зинаҳои бакалавр ва магистратура таҳсил намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»