Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар минтақаи Кӯлоб синни 43 нафар аз садсола боло аст

№98 (4838) 12.08.2024

3- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз шаҳру минтақаи Кӯлоб 4702 нафар ба нафақа баромаданд, ки маблағи нафақаи онҳо 7 миллиону 367,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — гуфт 24 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб Шовалӣ Абдураҳмонов.

Ҳоло дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру минтақаи Кӯлоб 119520 нафақахӯр сабти ном шудаанд. Аз ҷумла, нафақаи меҳнатӣ 42129 нафар, нафақаи суғуртавӣ – 46271 ва нафақаи давлатию иҷтимоӣ 28718 нафарро ташкил медиҳад. Талаботи моҳонаи нафақаи онҳо 45 миллиону 255 ҳазору 398 сомонӣ аст.

Зикр гардид, ки айни замон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 26494 нафар маъюб мебошад, ки аз онҳо 2275 нафар маъюби гурӯҳи якум, 11884 — гурӯҳи дуюм, 7023 — гурӯҳи сеюм ва 5312 нафар маъюбони то синни 18-солаанд. Маблағи моҳонаи нафақаи маъюбон 9 миллиону 791 ҳазору 517 сомониро ташкил медиҳад.

 Алҳол дар шаҳру минтақаи Кӯлоб нафақахӯрони хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 131 нафар, ақибгоҳи ҶБВ — 17, ятимони кулл — 271 ва нимятимон 13816 нафар аст.

Нафақахӯрони синнашон аз 100-сола боло дар минтақаи Кӯлоб 43 нафар буда, аз шаҳри Кӯлоб – 7, шаҳри Норак – 2, ноҳияҳои Ховалинг – 5, Ҳамадонӣ – 3, Фархор – 3, Темурмалик – 5, Муъминобод – 2, Балҷувон – 2, Восеъ – 6 ва Данғара 8 нафар мебошад.

Калонсолтарин нафақахӯр Тураева Басмо, аз деҳаи Чашмаи Бедаки деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг буда, айни замон 120-сола аст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»